Мусоидати фаъоли СММ ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки сафари имсолаи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки сафари имсолаи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон мусоидат намуданд.

Нақши СММ дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳамин замина Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ба нақши Тоҷикистон аз ҷумла дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби СММ, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки СММ ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад.

Дар мулоқот доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва дигар мавзуҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси “Энергияи устувор барои ҳама”, бунёди “Пули энергетикӣ” CASA-1000, ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.