«Истиқлол» пеш аз муҳлат бори навбатӣ чемпион шуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омада, чанд давр пеш аз анҷоми мусобиқа пеш аз муҳлат унвони чемпиониро ба даст овард, ки ин медали шашуми тиллои даста дар таърихи мавҷудияташ аст. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол» бори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омада, чанд давр пеш аз анҷоми мусобиқа пеш аз муҳлат унвони чемпиониро ба даст овард, ки ин медали шашуми тиллои даста дар таърихи мавҷудияташ аст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол» бори чаҳорум аст, ки пайдарпай ба ин унвон соҳиб шуда, солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 низ дар мусобиқаи Лигаи оли футболи ҷумҳурӣ ба комёбӣ ноил гардида буд.

Гуфта мешавад, то анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол» боз 5 бозии дигар мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.