Имкони раҳоии мансабдори ним млн. доллар порагирифта бо пардохти ҷарима

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аскар Нурализода, ки охири моҳи сентябр бо далели порагирӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллар боздошт шуд, идома дорад. Нисбати мансабдор мутобиқи моддаи «Гирифтани пора» – 319, қ. 4, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аскар Нурализода, ки охири моҳи сентябр бо далели порагирӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллар боздошт шуд, идома дорад.

Нисбати мансабдор мутобиқи моддаи «Гирифтани пора» – 319, қ. 4, б. в) тамаъҷӯии пора ва г)дар ҳаҷми зиёди Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти тафтишот қаблан ҳам даст доштани ӯ дар ришваситониро таҳқиқ дорад.

Мувофиқи моддаи мазкури Кодекси ҷиноии ҶТ, Нурализодаро суд метавонад ба маблағи аз 639 ҳазор сомонӣ то 1 млн. 95 ҳазор сомонӣ (216 ҳазор доллар тибқи қурби БМТ) ҷарима бандад ё ба муҳлати аз 7 то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё фаъолияти муайян ба муҳлати 5 сол маҳкум намояд.

Дар ҳамин ҳол, аз Агентии зиддифасод иттилоъ доданд, ки аризадиҳандаи порадода то ҳол грантро нагирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати А.Нурализода идома дошта, замони ба суд ирсол гардидани он, ба ВАО маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорат Аскар Нурализода зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА дастгир шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.