Норак: ҳалокати 4 нафар донишҷӯёни ДМТ дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи душанбе дар наздикии шаҳри Норак рух дод, 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи «РАФ-Чонвай» таҳти идораи сокини 22-солаи Душанбе Мирзонаим Наимов қарор дошт, ки ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз Кӯлоб ба пойтахт бармегаштанд. Дар наздикии шаҳри Норак ронанда аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи душанбе дар наздикии шаҳри Норак рух дод, 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи «РАФ-Чонвай» таҳти идораи сокини 22-солаи Душанбе Мирзонаим Наимов қарор дошт, ки ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз Кӯлоб ба пойтахт бармегаштанд.

Дар наздикии шаҳри Норак ронанда аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба автомашинаи боркаши «Шакман», таҳти идораи сокини 26-солаи ноҳияи Рӯшон Иқболи Эмомалӣ бармехӯрад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, Наимов ва ҳамкурсони ӯ – Тоҷиддин Муродов ва Меҳроҷиддин Тоҳиров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашина – донишҷӯёни курси 4-уми ДМТ Комрон Давлатов ва Абдулфаёз Толибов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шудаанд. Давлатов дар бемористон ба ҳалокат расида, баҳри наҷоти ҳаёти Толибов табибон мубориза мебаранд.

Гуфта мешавад, айни замон кормандони милитсия сабабҳои рух додани ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.