Садамаи Су-24-и Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишин

Дар пойгоҳи Хмеймими Сурия, ки низомиёни рус онҷо қарор доранд, як ҳавопаймои бомбаандози Су-24 ҳангоми парвоз аз хат берун шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарнишин натавонистааст саривақт худро берун андозад ва ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, ин фоҷиа имрӯз, 10 октябр, замоне ки бомбаандоз ба парвоз омода мешуд, рух додааст. Тибқи маълумоти […]

Наим Халимов

Дар пойгоҳи Хмеймими Сурия, ки низомиёни рус онҷо қарор доранд, як ҳавопаймои бомбаандози Су-24 ҳангоми парвоз аз хат берун шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарнишин натавонистааст саривақт худро берун андозад ва ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ин фоҷиа имрӯз, 10 октябр, замоне ки бомбаандоз ба парвоз омода мешуд, рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби садама нуқси техникӣ дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки садамаи Су-24 ҳодисаи сеюми талафоти ғайриҳарбии ҳавопаймоҳои русиягӣ дар амалиёти Сурия аст. Соли 2016 зимни нишастан ба майдони крейсери «Адмирал Кузнетсов» МиГ-29К ва Су-33 ба садама дучор шуда, сарнишинонаш ҷон ба саломат бурданд.

Моҳи декабри соли 2016 ҳавопаймои Ту-154-и Вазорати мудофиаи Русия, ки ансамбли рақсу таронаи ба номи Александров ва роҳбари ташкилоти хайрияи «Справедливая помощь» Елизавета Глинка (Доктор Лиза)-ро ба Сурия мебурд, дар Баҳри Сиёҳ суқут кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.