Қаҳрамони ҷаҳон Федератсияи бокси Душанберо ба роҳбарӣ гирифт

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ дар версияҳои «Youth World Champion»  ва WBB дар вазни 76,2 кг Меҳрубон Сангинов Федератсияи бокси варзишии шаҳри Душанберо ба роҳбарӣ гирифт. Федератсияи бокси пойтахт воҳиди сохтоии Федератсияи милли бокс мебошад. Фармони таъини Меҳрубон Сангинов ба ин вазифаро президенти Федератсияи миллии бокс Бег Сабур ба имзо расонид. Дар суҳбат бо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ дар версияҳои «Youth World Champion»  ва WBB дар вазни 76,2 кг Меҳрубон Сангинов Федератсияи бокси варзишии шаҳри Душанберо ба роҳбарӣ гирифт.

Федератсияи бокси пойтахт воҳиди сохтоии Федератсияи милли бокс мебошад. Фармони таъини Меҳрубон Сангинов ба ин вазифаро президенти Федератсияи миллии бокс Бег Сабур ба имзо расонид.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Меҳрубон Сангинов изҳор дошт, ки ҳадафи наздиктарини Федератсияи пойтахт омода кардани варзишгарони наврас ба Олимпиадаи наврасони соли 2022 аст.

«Ҳадафи дигар шароити бештар мусоид фароҳам овардан барои машғул шудан ба ин навъи варзиш аст, – иброз дошт ӯ. – Айни замон дар пойтахт толорҳои зиёде амал мекунанд, ки фаъолияти тиҷоратӣ дошта, нарх дар онҳо баланд аст ва вазифаи мо дастрас кардани нарх барои ҳар як наврас мебошад. Федератсияи шаҳр ба ифтитоҳи ҳарчи бештар гурӯҳҳои бепул мусоидат хоҳад кард».

Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио оғоз мегардад. Айни замон барои муштзанҳои касбӣ низ ба иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва мубориза бурдан барои дарёфти роҳхат ба Токио-2020 иҷоза дода мешавад.

«Комёбиҳо дар бокси касбӣ ба ҳисоби олимпӣ дохил намешаванд, аз ин рӯ ҳамаашро аз сифр оғоз кардан лозим аст ва бовар дорам, ки таҷрибаи андӯхтаи ман дар муҳорибаҳои касбӣ, ба ман барои дарёфти роҳхат ба Олимпида кумак мекунад», – изҳор дошт варзишгар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.