Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Сочи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад; – Вазирони мудофиаи Русия ва Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе меоянд; – Дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад; […]

АНОНС

– Дар Сочи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

– Вазирони мудофиаи Русия ва Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе меоянд;

– Дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад;

– Ифтитоҳи Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7967 сомонӣ;

1 евро – 10.3731 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1489 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Тоҷикистон таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардид.

1949 – Дар Маҷмаъи Умумии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии тиббӣ Кодекси нахустини ахлоқи тиббӣ қабул шуд.

2004 – Дар Люксембург президент Эмомалӣ Раҳмонов Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид.

2010 — Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки содироти чорво, гӯшт, картошка, пашм ва оҳанпора пурра манъ карда шавад.

1912-1990 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Солеҳ Раҷабов.

1920-1985 – Мавлуди нависанда Мустафо Шарқӣ.

1953 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Тоҷинисо Саидова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +20+22.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.