«Биҳишти иҷтимоӣ»-и сокинони Туркманистон ба охир мерасад

Президенти Туркманистон дастуре cодир кард, ки тибқи он, имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон, бекор карда мешавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр бинобар коҳиши даромади будҷаи ин кишвари саршор аз нафту газ дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ, рӯи даст гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ин қарор […]

Радиои Озодӣ

Президенти Туркманистон дастуре cодир кард, ки тибқи он, имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон, бекор карда мешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр бинобар коҳиши даромади будҷаи ин кишвари саршор аз нафту газ дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ, рӯи даст гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ин қарор сокинони ин кишварро муваззаф мекунад, ки аз оғози моҳи оянда 25 маротиба бештар барои оби ошомиданӣ, пул пардохт кунанд. Бар пояи ин дастури Бердимуҳаммедов, тарофаҳои пардохти об аз 1-уми ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда мешавад.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов, сарфаҷӯӣ дар марҳилаи ниҳоӣ ба сармоягузории як тарҳи ҳафтсолаи сармоягузории 69-миллиарддолларӣ кӯмак хоҳад кард, ки 45 миллиард доллари он барои бахши энержӣ ҷудо шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.