Сигарет аз соли нав қимат мешавад. Ба андозаи назаррас

Ҳукумати Тоҷикистон марҳила ба марҳила боло бурдани меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро пешниҳод мекунад. Пешниҳод мешавад, ки аксиз ба сигарет аз соли нав 3 маротиба боло бурда шавад. Лоиҳаи қарор дар бораи афзоиши меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро ҳукумат аллакай омода ва бо назардошти он лоиҳаи қонун «Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку» дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон марҳила ба марҳила боло бурдани меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро пешниҳод мекунад. Пешниҳод мешавад, ки аксиз ба сигарет аз соли нав 3 маротиба боло бурда шавад.

Лоиҳаи қарор дар бораи афзоиши меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро ҳукумат аллакай омода ва бо назардошти он лоиҳаи қонун «Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки айни замон дар палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Барои баррасии лоиҳаи қонун бо доираҳои тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноат платформаи махсус таъсис ёфта, рӯзи 11 октябр лоиҳа дар ҷараёни кори мизи гирд бо намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баррасӣ шуд.

Намояндагни мақомоти давлатӣ қайд карданд, ки дар Тоҷикистон то ҳол меъёрҳои аз ҳама пасттарин андози аксизӣ ба маҳсулоти тамоку амал мекунад.

Масалан, барои сигарети филтрдор – 1 евро ба 1000 дона ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ин меъёр ба 7 евро барои 1000 дона баробар аст. Аз ин рӯ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки меъёрҳои андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро ба меъёрҳои дар ҳамсоякишварҳо истифодмешуда мутобиқ созад.

Дар лоиҳаи қарори ҳукумат дар ин хусус, ки дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор дорад, гуфта мешавад, «ташаббуси боло бурдани меъёрҳои аксиз ба маҳсулоти тамоку тадбири саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати афзоиши даромад ба буҷети давлатӣ ва фароҳам овардани шароитҳои баробари рақобат дар бозори маснӯоти тамоку, ҳамчунин яке аз чораҳои пурсамари коҳиши истеъмоли тамоку дар ҷумҳурӣ мебошад».

Дар маҷмӯъ, 7 баробар зиёд кардани меъёри аксизҳо ба нақша гирифта шуда, вале муаллифони лоиҳа аз эҳтимол дур намедонанд, ки ин тадбир оқибатҳои манфӣ низ ба бор оварда метавонад, аз ҷумла кам шудани бозори қонунии истеъмоли тамоку ва афзоиши назарраси қочоқи маснӯоти тамоку, болоравии арзиши он, коҳиши даромади андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет аз фурӯши он ба иллати камшавии бозори фурӯши қонунии маснӯоти тамоку, зиёд шудани таваҷҷуҳ ба сигаретҳои бефилтр ё нос, ки нархашон хеле пасттар аст.

Ёдрас мекунем, ки қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.