Қасри Арбобро барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон бо 5 млн. сомонӣ таъмир карданд

Рӯзи 16 ноябр дар Қасри Арбоби шахри Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои ҳукумати кишвар, вакилони парлумон, собиқадорон ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват шудаанд. Ба иттилои манбаъ, барои таъмиру азнавсозии […]

Asia-Plus

Рӯзи 16 ноябр дар Қасри Арбоби шахри Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои ҳукумати кишвар, вакилони парлумон, собиқадорон ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои таъмиру азнавсозии Қасри Арбоб ба муносибати ин маҷлис аз буҷети вилояти Суғд 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ