Пахта дар Тоҷикистон ба мавқеи стратегии худ бармегардад

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки ба пахта мақоми маҳсулоти стратегиро баргардонанд. Тайи 2 соли ахир ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор наздик шуд. Ба аввали моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ зиёда аз 372 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 5,2% зиёдтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки ба пахта мақоми маҳсулоти стратегиро баргардонанд. Тайи 2 соли ахир ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор наздик шуд.

Ба аввали моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ зиёда аз 372 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 5,2% зиёдтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.

Гуфта мешавад, ба ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агротехникаи парвариши пахта мусоидат намуд. Қайд мешавад, ки  имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи чандин соли охир заминҳои кишти пахта дар Тоҷикистон кам шуда, мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли он низ коҳиш меёфт.

Ҳамин тариқ, соли 2012 – 418 ҳазор тонна, соли 2013 – 393 ҳазор, соли 2014 – 372 ҳазор, соли 2015 – 335 ҳазор ва соли гузашта – 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки тадриҷан коҳиш ёфтани майдони кишт ба ин боис гардид. Агар соли 2012 майдони кишти пахта ҳудуди 200 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас соли 2016 ҳамагӣ ба 160 ҳазор гектар баробар буд.

Имсол бори нахуст тайи чандин соли охир ба пахтакорони ҷумҳурӣ муяссар шуд, ки иҷрои нақшаи аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ пешбинишударо таъмин кунанд.

Пахта ҳамеша яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии Тоҷикистон (дар баробари алюминий) шуморида мешавад. Солҳои 80-уми асри гузашта, замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мудом то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.