Суғд: боздошти корманди Раёсати ВКД бо беш аз 80 кило маводи нашъаовар

Корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо беш аз 80 кило маводи нашъаовар боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шудааст. «Ҳамроҳи ӯ боз якчанд нафари дигар дастгир шуда, […]

Корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо беш аз 80 кило маводи нашъаовар боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шудааст.

«Ҳамроҳи ӯ боз якчанд нафари дигар дастгир шуда, онҳо ба гумони ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд, – гуфт манбаъ. – Зимни боздошт аз онҳо зиёда аз 82 кило маводи мухаддири навъи афюн ва ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд».

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз бахши сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки амалиёти махсуси ошкор ва боздошти гурӯҳи нашъаҷаллобон дар минтақаи шимоли кишвар аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод гузаронида шудааст.

«Миёни боздоштшудагон корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо номи Руслан Шарипов ҳузур дорад», – гуфт манбаъ, вале дар бораи дар кадом мансабу рутба хизмат кардани ӯ дар сафҳои милитсия маълумот дода нашуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.