Тоҷикистон ҳаҷми содироти сементро афзуд. Бо баҳои саломатии мо?

Корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ҳаҷми содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсоя се маротиба зиёд карданд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон Тоҷикистон наздики 842 ҳазор тонна семент содирот кардааст. Муддати тамоми соли 2016 ба хориҷи кишвар ҳамагӣ беш аз 282 ҳазор тонна семент бароварда шуда буд. Аз ҷумла, дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ҳаҷми содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсоя се маротиба зиёд карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон Тоҷикистон наздики 842 ҳазор тонна семент содирот кардааст. Муддати тамоми соли 2016 ба хориҷи кишвар ҳамагӣ беш аз 282 ҳазор тонна семент бароварда шуда буд.

Аз ҷумла, дар ин давра ба Афғонистон – беш аз 570 ҳазор тонна, Ӯзбекистон ва Қирғизистон – боз ҳудуди 176 ҳазор тонна семент интиқол ёфтааст.

Аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар ин давра беш аз 90 фоизаш ба корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон ва ба КМ «Хуаксин Ғаюр Суғд» рост меояд.

Тоҷикистон ба содироти семент соли 2015 оғоз карда, ба кишварҳои ҳамсоя 500 тонна ин навъи масолеҳ фиристода шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон имсол пурра аз воридоти ин навъи масолеҳи сохтмон даст кашид.

Тӯли 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 800 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Тайи 8 соли ахир бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуд.

Айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад, аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Экологи мустақил бидуни ифшои ному насаб қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 90%-и шаҳрҳои Чин  таркиби маводи зараровар дар ҳаво аз меъёр зиёд буда, соҳибкорони Чинро ба дарёфти кишвари дорои шароити мусоид барои тиҷорати онҳо маҷбур кардаанд ва барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои «мусоид» интихоб шудааст, зеро ин ҷо ба ин масолеҳи сохтмон зиёд ниёз доранд, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон қувваи кории арзон вуҷуд дорад, ки ин ҳам барои сармоягузорони Чин қобили қабул аст».

Тирамоҳи соли гузашта коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов