Президент ивази роҳбарони Раёсатҳои ВКД-ро дар Суғду ВМКБ ва Душанбе маъқул шуморид

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва сохтори Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Сардорони Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, […]

Asia-Plus

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва сохтори Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Сардорони Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, собиқ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, собиқ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Фаттоҳ Қунғуротзода сардори милитсия дар нақлиёт, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Сафиулло Азизуллозода роҳбари Раёсати ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт таъин шуданд.

Собиқ корманди дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон Қудратулло Мунавваров сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ва Мансур Бухоризода, ки замоне Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард, сардори нави Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти ҶТ барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, Судяи Суди Олии ҶТ интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуд. Файзалӣ Комилӣ муовини раиси Суди олии иқтисодии ҶТ таъин шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Бобозода Хисрав аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъин гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.