Тоҷикистониён – иштирокчиёни муноқишаи Хованское 3-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд

Додгоҳи Шербинкаи шаҳри Маскав рӯзи 11 декабр 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми ширкат дар занозании хунини моҳи майи соли 2016 дар оромгоҳи Хованское сесолӣ маҳкум ба зиндон кард. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», додгоҳ иттиҳоми "қасдан хароб кардани молу мулки ғайр” ва "авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ”-ро аз гардани онҳо гирифт, вале ин 5 […]

Akhbor.com

Додгоҳи Шербинкаи шаҳри Маскав рӯзи 11 декабр 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми ширкат дар занозании хунини моҳи майи соли 2016 дар оромгоҳи Хованское сесолӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», додгоҳ иттиҳоми "қасдан хароб кардани молу мулки ғайр” ва "авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ”-ро аз гардани онҳо гирифт, вале ин 5 тоҷикро дар авбошӣ гунаҳкор шинохт.

Гуфта мешавад, бо ҳукми додгоҳ,Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев се солро пушти панҷара ба сар хоҳанд бурд.

Зикр мегардад, ки ин 5 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай якуним сол боз пушти панҷара қарор дошта, аз ҷумлаи даҳҳо нафареанд, ки рӯзи 14 майи соли 2016 дар пайи занозании хунин дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав дастгир шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар осеб диданд.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, муноқиша бо иштироки коргароне, ки онҳоро барои ободониву нигоҳубини қабрҳо киро мекунанд, сурат гирифта, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бино ба маълумоти ВКД, дар муноқиша асосан зодагони Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ ҳузур дошта, сабаби муноқиша тақсими соҳаҳои нуфуз аст. Барои кор дар оромгоҳ муҳоҷирон ба «пуштибонон» ё худ «боло» аз ҳар фармоиш 10% маблағ пардохт мекарданд. Вале чанде пеш аз занозанӣ зодагони Қафқози Шимолӣ ба оромгоҳ омада, талаб мекунанд, ки пардохт то 20-30% зиёд шавад. Кормандони оромгоҳ гуфтаанд, маҳз ҳамин талаб ба муноқиша боис шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.