Эмомалӣ Раҳмон сафари Мирзиёевро «сарнавиштсоз» номид

Баъди дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавакт Мирзиёев изҳор намуд, ки аз рӯи тамоми масъалаҳои матраҳшуда натиҷаҳои мусбат ҳосил шуданд. «Имрӯз байни давлатҳо дигар қариб ҳеҷ мушкилоте боқӣ намондааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба монеъа эҷод мекарданд», – таъкид дошт президенти Ӯзбекистон. Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки солҳои аввали ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавакт Мирзиёев изҳор намуд, ки аз рӯи тамоми масъалаҳои матраҳшуда натиҷаҳои мусбат ҳосил шуданд.

«Имрӯз байни давлатҳо дигар қариб ҳеҷ мушкилоте боқӣ намондааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба монеъа эҷод мекарданд», – таъкид дошт президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки солҳои аввали ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон озмоишҳои душвори марбут ба ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд.

«Аммо хиради азалии мардуми тоҷик, бахусус пешвои он Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки Тоҷикистон ба рушди босуръат пурсамар ноил гардид», – гуфт Мирзиёев.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки сафари имрӯзаи сарвари давлати Ӯзбекистонро метавон «сарнавиштсозу таърихӣ» номид.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон барои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак ба ҳамтои ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.