Маблағи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон 339 млн. доллар афзуд

Семоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи наздики 90 млн. доллар 8 созишномаи нав ба имзо расонид. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, маблағи ин созишномаҳо ба амалисозии панҷ лоиҳаи афзалиятнок барои ҷумҳурӣ равона мегарданд. Гуфта мешавад, дар ҳамин давраи соли 2017 барои амалисозии се лоиҳаи сармоягузорӣ […]

Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи наздики 90 млн. доллар 8 созишномаи нав ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, маблағи ин созишномаҳо ба амалисозии панҷ лоиҳаи афзалиятнок барои ҷумҳурӣ равона мегарданд.

Гуфта мешавад, дар ҳамин давраи соли 2017 барои амалисозии се лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 37 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расида буданд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ аз 68 лоиҳа (23 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 31 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) ба маблағи умумии ҳудуди 3,2 млрд. доллар иборат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 339 млн. доллар ё худ 13 фоиз зиёдтар мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 1 апрели соли 2018) 13 млрд. сомонӣ ё 1 млрд. 480 млн. доллар маблағ азхуд карда шудааст, ки ба 46,3 фоизи маблағи умумӣ баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.