Сокинони Ӯзбекистон шаҳрванди Қирғизистонро латукӯб карданд

Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Қирғизистон мавриди латукӯби сокинони анклави Сӯхи Ӯзбекистон қарор гирифтааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси маҳаллаи Суу-Башӣ Худойбердӣ Козуев, деҳаҳои Боз-Адир, Кара-Токой ва Ширеч оби нӯшокиро аз истгоҳи обкашонии "Ширеч" дарёфт мекунанд. Рӯзи 10 апрел сокинони маҳаллаи "Шарҳобод"-и Сӯх корманди истгоҳро, ки мехост, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Қирғизистон мавриди латукӯби сокинони анклави Сӯхи Ӯзбекистон қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси маҳаллаи Суу-Башӣ Худойбердӣ Козуев, деҳаҳои Боз-Адир, Кара-Токой ва Ширеч оби нӯшокиро аз истгоҳи обкашонии "Ширеч" дарёфт мекунанд.

Рӯзи 10 апрел сокинони маҳаллаи "Шарҳобод"-и Сӯх корманди истгоҳро, ки мехост, обро сар диҳад, латукӯб кардаанд. Ҳоло ӯ дар беморхонаи Бодканд бистарӣ аст.

Гуфта мешавад, ҳарчанд истгоҳ дар ҳудуди Сӯх ҷойгир аст, он ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ҳоли ҳозир, вазъро пулис, марзбонон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ду кишвар назорат доранд. Қарор аст, раҳбарони ноҳияҳои Бодканди Қирғизистону Сӯхи Ӯзбекистон бо ҳам вохӯранд.

Зикр мегардад, ки дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки ин хабарро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ёдрас мешавад, ки 7 апрел дар наздикии деҳаи Мамайи ноҳияи Оқсойи Қирғизистон, ҳаммарз бо Ӯзбекистон тирпаронӣ сурат гирифт. Марзбонҳои қирғиз гуфтанд, сарбозони ӯзбек ба сӯи сокини 34-солаи Оқсой, ки дар ҳудуди Қирғизистон буд, оташ кушодаанд. Дар натиҷа ӯ дар беморхона ҷон бохт.

Вале ҷониби Ӯзбекистон ин хабарро рад мекунад. Сарбозони ӯзбек гӯё ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон замоне оташ кушодаанд, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид гаштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Дар пайи як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ду қочоқбар, ки “аз Афғонистон марзи Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур карданд” кушта шуда, як тани онҳо...

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.