Суғд: оғози мурофиаи 7 нафар аъзои як оилае, ки ба ҷанги Сурия рафтанӣ буданд

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд ба баррасии мурофиаи 7 нафар аъзои як оила аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара оғоз намуд, ки чор нафари онҳо занон мебошанд. Моҳи марти соли гузашта азои ин оила иборат аз 27 нафар қарор мекунанд, ки ба ҷанги Сурия раванд. Онҳо аввал ба шаҳри Алмаато рафта, он […]

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд ба баррасии мурофиаи 7 нафар аъзои як оила аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара оғоз намуд, ки чор нафари онҳо занон мебошанд.

Моҳи марти соли гузашта азои ин оила иборат аз 27 нафар қарор мекунанд, ки ба ҷанги Сурия раванд. Онҳо аввал ба шаҳри Алмаато рафта, он ҷо ду моҳ зиндагӣ мекунанд ва сипас ба Туркия рафта, дар ин кишвар низ 4 моҳи дигар истиқомат мекунанд.

Охири соли 2017 дар шаҳри Хатайии Туркия онҳо кӯшиш мекунанд, ки сарҳадро гузашта, ба шаҳри Идлиби Сурия ворид шаванд. Ба 18 нафар муяссар мешавад, ки сарҳадро гузаранд ва айни замон онҳо дар Сурия қарор доранд. 9 нафари онҳоро хадамоти махсуси Туркия боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад.

Миёни боздоштшудагон дар Туркия як духтарчаи ноболиғ ва 1 зани бемор низ ҳузур доштаанд, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.