Пирӯзии намояндагони Эфиопия ва Қирғизистон дар ниммарафони байнулмилалии Душанбе

Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки  имрӯз  дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе ҳудуди 50 варзишгар аз 18 кишвари олам  ширкат  намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро […]

АМИТ «Ховар»

Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки  имрӯз  дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе ҳудуди 50 варзишгар аз 18 кишвари олам  ширкат  намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз “Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

Дар ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардон Тефера Гозааз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 9 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дувум ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми севумро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров (Узбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд. Мария Хмелнитская (Узбекистон, 1:16,05) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова (Узбекистон, 1:14,19) мақоми севумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ(Кения, 1:20,55) ҷойи шашумро гирифтанд.

Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе  барои баргузории ниммарафони IX байналмилалӣ  ба андозаи 398 ҳазору 53 сомонӣ (ҳудуди 45 ҳазор доллари ИМА)  маблағ ҷудо намуд. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз гаштанд.  Аз ҷумла,  барои ҷои 1-ум –  31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ  ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ тақдим карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.