Ҳаракати мошинҳои гаронвазн бо роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд мешавад

Аз 1 май ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд карда мешавад. Маҳдудияти мавсимӣ то охири моҳи август давом мекунад. «Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад», – хабар медиҳад филилаи […]

Аз 1 май ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд карда мешавад. Маҳдудияти мавсимӣ то охири моҳи август давом мекунад.

«Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад», – хабар медиҳад филилаи ширкати Innovative Road Solutions.

Зимнан шарҳ дода мешавад, ки ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи қарори ҳукумати Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

Қайд мешавад, ки чунин иқдом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Бар пояи конссесияи имзошуда бо ҳукумат, филиали ширкати IRS аз моҳи апрели соли 2010 ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ машғул аст. Айни замон дар ин роҳ шаш плаза – Варзоб Ҳушёрӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.