Беш аз 76%-и даромади буҷетро дар семоҳаи аввал андозҳо ташкил доданд

Нишондиҳандаҳои пешбинишудаи буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 фоиз барзиёд иҷро шуд. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади буҷет наздики 4,4 млрд. сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми се моҳи соли равон 4 млрд. 375,2 млн. сомонӣ ё худ 101,2% аз нақшаи саҳеҳшударо ташкил […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нишондиҳандаҳои пешбинишудаи буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 фоиз барзиёд иҷро шуд. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади буҷет наздики 4,4 млрд. сомониро ташкил дод.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми се моҳи соли равон 4 млрд. 375,2 млн. сомонӣ ё худ 101,2% аз нақшаи саҳеҳшударо ташкил додааст.

Зиёда аз 76%-и даромади буҷетро маблағҳои воридшуда аз андоз ташкил додаанд, ки ҳаҷми умумии он ба 3 млрд. 331,4 млн. сомонӣ баробар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта андоз аз даромад ва андоз аз фоида ба миқдори 105 млн. сомонӣ, аксизҳо – 14 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда – 242 млн. сомонӣ афзудаанд.

Маблағҳои дигар (ғайриандозӣ)-и воридшуда дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет 286 млн. сомонӣ ё худ 6,5%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 млн. сомонӣ камтар шудааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ семоҳаи аввали соли равон 4 млрд. 24 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо се моҳи аввали соли 2017 ба миқдори 402 млн. сомонӣ ё худ 9,1% камтар мебошад.

Қаирб панҷяки хароҷоти буҷет ба комплекси таъминот бо сӯзившорӣ ва энергетика ва  наздики 17% – ба бахши маориф рост меояд.

Ҳамчунин дар сохтори хароҷот ҳиссаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 14,3%, тандурустӣ – 7,3%, нақлиёт ва коммуникатсия – 5,2% низ назаррас аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.