Нақши муҳоҷири қирғизи қазоқдухтар соҳиби ҷоизаи Канн шуд

Ҳунарманди қазоқ Самал Еслямова, ки дар филми "Айка"-и Сергей Двортсев нақши асосиро бозидааст, ҷоизаи бахши "Беҳтарин нақши зан"-и ҷашнвораи синамои Каннро соҳиб шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими пӯшидашавии 71-умин ҷашнвораи синамои Канн шаби 19 май дар Фаронса баргузор шуда, дар он барандаҳои асосии озмун эълом шуданд. Самал Еслямова, зодаи Петропавловск буда, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳунарманди қазоқ Самал Еслямова, ки дар филми "Айка"-и Сергей Двортсев нақши асосиро бозидааст, ҷоизаи бахши "Беҳтарин нақши зан"-и ҷашнвораи синамои Каннро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими пӯшидашавии 71-умин ҷашнвораи синамои Канн шаби 19 май дар Фаронса баргузор шуда, дар он барандаҳои асосии озмун эълом шуданд.

Самал Еслямова, зодаи Петропавловск буда, Донишкадаи ҳунарҳои театрии Русияро хатм кардааст ва ҳоло дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад. Ӯ пештар дар филми "Лола"-и Двортсев низ, ки соҳиби чанд ҷоизаи байналмилалист, нақш офаридааст.

Филми "Айка" дар бораи муҳоҷири қирғизистоние нақл мекунад, ки дар Москва фарзанд ба дунё меорад ва ӯро дар таваллудхона мегузорад. Дар филм азоби ботинӣ ва эҳсоси модарӣ ба тасвир кашида шудааст.

Дар эҷоди ин филм панҷ ширкат аз чаҳор кишвар – Русия, Олмон, Лаҳистон ва Қазоқистон саҳм доранд. Аммо ин филм аз номи Қазоқистон вориди ҷашнвора шудааст. Худи Сергей Двортсев зодаи шаҳри Чимкенти Қазоқистон буда, чанд сол дар ин кишвар зиндагӣ кардааст. Баъдан, соли 1990 ба Москва кӯчид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.