Маросими видоъ бо шоир Мӯъмин Қаноат дар Душанбе

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 19 май дар Душанбе маросими видоъ бо шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат доир гардид. Мӯъмин Қаноат рӯзи 18 май дар манзилаш аз олам даргузашт. То ба синни 86-солагӣ расиданаш ҳамагӣ ду рӯз монда буд. Ба гуфтаи наздикони шоир, тайи ду моҳи охир Мӯъмин Қаноат аз беморӣ азият кашида, дар ду рӯзи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 19 май дар Душанбе маросими видоъ бо шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат доир гардид.

Мӯъмин Қаноат рӯзи 18 май дар манзилаш аз олам даргузашт. То ба синни 86-солагӣ расиданаш ҳамагӣ ду рӯз монда буд.

Ба гуфтаи наздикони шоир, тайи ду моҳи охир Мӯъмин Қаноат аз беморӣ азият кашида, дар ду рӯзи пеш аз марг вазъи солимиаш хеле бад шудаааст ва нимаи дуюми рӯзи 18 май аз олам даргузашт.

Баъди ҷаноза дар масҷиди марказии пойтахт ҷасади шоир дар оромгоҳи Лучоб, паҳлӯи қабри Бозор Собир ба хок супурда шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.

Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

Номи нек ва осори ватандӯстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.