Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.9835 сомонӣ; 1 евро – 10.5862 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1444 сомонӣ.  ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1904 – Дар Париж Федератсияи байнулмилалии футбол – ФИФА таъсис дода шуд. 2003 – Маҷлиси намояндагони […]

Asia-Plus

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9835 сомонӣ;

1 евро – 10.5862 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1444 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1904 – Дар Париж Федератсияи байнулмилалии футбол – ФИФА таъсис дода шуд.

2003 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун дар бораи ба Кодекси ҷиноӣ ворид намудани моддаи махсус «Хариду фурӯши одамон»-ро қабул кард.

2008 — Пас аз таваққуфи тӯлонӣ корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ба кор даромад.

2014 — Ба Кодекси ҷиноии ҶТ моддаи нав ворид шуда, ки дар он барои иштирок дар ҷангҳо ва низоъҳои низомӣ дар кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

1945 — Мавлуди Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ (боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +19+21.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.