Қотилони ҳамсарони соҳибкор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд

Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи гунаҳкор дар қатли ҳамсарони соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Аъзои гурӯҳи ҷиноятеша ба куштори бераҳмонаи ҳамсарон – Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева айбдор дониста шуда, ба муҳлатҳои аз 17 то 30 сол равонаи зиндон шуданд. Ҳамсарони 60-сола дар манзилашон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи гунаҳкор дар қатли ҳамсарони соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Аъзои гурӯҳи ҷиноятеша ба куштори бераҳмонаи ҳамсарон – Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева айбдор дониста шуда, ба муҳлатҳои аз 17 то 30 сол равонаи зиндон шуданд.

Ҳамсарони 60-сола дар манзилашон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 18 октябри соли 2017 кушта шуданд. Онҳо дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши матоъҳо доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Суди олии Тоҷикистон Беҳрӯз Шофиев дар ин робита хабар дод, чор нафар аз айбдоршавандагон – Сайфулло Абдиев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев ва Абдумманнон Эргашев ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.

«Ба Парвин Муродбекзода – 25 сол, Абдусувуд Имомов ва Рустам Маъруфзода – 17-солӣ ҷаои зиндон таъин шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, аъзои гурӯҳ таҳти роҳбарии Сайфулло Абдиев шаби 17 ба 18 октябри соли 2017 ба манзили соҳибкорон ворид шуда, даҳони соҳибхонаҳоро бо скотч мебанданд ва бо қубурҳои оҳаниву мехканак онҳоро бераҳмона лату кӯб мекунанд, ки бар асари он ҳамсарон ба ҳалокат мерасанд», – иброз дошт Шофиев.

Зимнан зикр гардид, ки аз манзили соҳибкорон аъзои гурӯҳ 59 ҳазор сомонӣ, 75 ҳазор доллар, телефонҳои мобилӣ ва дигар чизҳои арзишмандро ғорта кардаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, ин гурӯҳи иборат аз сокинони Хуҷанд, Конибодом, Мастчоҳ ва Восеъ баъди содир кардани ҷинояти навбатӣ – ғорати манзили сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаби 26 январ ошкор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.