«Сафари ҳавоӣ»-и тоҷикон соҳиби ҷоизаи Фестивали синамои кишварҳои узви СҲШ

Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао нахустин Фестивали синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Чин, Фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории  Шанхай  дар сатҳи лозимӣ баргузор шуда, […]

Asia-Plus

Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао нахустин Фестивали синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Чин, Фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории  Шанхай  дар сатҳи лозимӣ баргузор шуда, дар он ҳайатҳо иборат аз роҳбарият ва мутахассисони соҳаи синамои 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир ширкат варзиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон, дар маҷмӯъ иборат аз 12 нафар коргардонҳову ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик дар Фестивал иштирок дошт.

Фестивали мазкур  дар 8 давра доир гардид ва дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуда, аз ҷониби 12 нафар аъзои  ҳайати ҳакамон аз ҳисоби коргардонҳои маъруфи синамои ҷаҳонӣ (аз ҷумла раиси синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фестивал филмҳои коргардон Носир Саидов “Оинаи беҷило” ва “Муаллим”, Румӣ Шоазимов “Хоби маймун”, Далер Раҳматов “Сафари ҳавоӣ”-ро дастовез оварда буд.

Дар маросими пӯшидашавии нахустин Фестивали синамои СҲШ, ки шоми 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао доир гардид, филми “Сафари ҳавоӣ”-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов сазовори ҷоизаи  “Махсуси ҳакамон”-и Фестивал гардид.

Филмҳои истеҳсоли коргардонҳои тоҷик аз ҷониби ҳайати ҳакамон, иштирокдорони Фестивал ва тамошобинони чинӣ истиқболи гарму самимӣ ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи Фестивал Телевизиони марказии Чин “CCTV-Русский” дар асоси ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ тасмим гирифт, ки филми коргардони маьруф Носир Саидов “Оинаи беҷилло” ва дигар   филмҳои истеҳсоли “Тоҷикфилм”-ро дар саросари Чин ба намоиш гузорад.

Ҳамчунин, ҷониби чинӣ изҳори омодагӣ намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилотии соҳаи кино тайёр намудани мутахассисони ҷавонро барои кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.