Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ донишгоҳи деринтизорро боз намуд

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуд. Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ҳанӯз аввали соли хониши гузашта бояд мавриди истифода қарор мегирифт. Қаблан роҳбари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Алӣ Акбар Песнани дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки ин […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуд.

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ҳанӯз аввали соли хониши гузашта бояд мавриди истифода қарор мегирифт. Қаблан роҳбари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Алӣ Акбар Песнани дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки ин мактаби олӣ бояд 4 сентябри соли 2017 ба фаъолият оғоз намояд.

Аммо маросими расмии ифтитоҳи муассисаи таълимӣ, ки дар он аз иштироки Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ мерафт, ба соли 2018 мавқуф гузошта шуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – як муассисаи таълимии иборат аз се кампус аст: дар Норин (Қирғизистон, 19 октябри соли 2016 боз шуд), дар Хоруғ (Тоҷикистон, имсол боз шуд) ва Текели (Қазоқистон, соли 2019 боз мешавад).

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.

Тибқи нақшаи кулл бинои донишгоҳ дар маҷмӯъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохта, имрӯз бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.

Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯён аз 7 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Зикр мегардад, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад. Ҳамзамон барои ба варзиш ва обу тоби бадан машғул шудани донишҷӯён дар дохили бино маркази фитнесс, тенниси рӯи мизӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ амал мекунанд.

Дар баробари ин дар назди бинои донишгоҳ майдони варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва басткетбол инчунин толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст. Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Бинои хобгоҳи донишҷӯён бо тарҳ ва намои муосир бунёд шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.