Гузориш: Соли 2018 беш аз 18 млн. нафар гирифтор ва 9,6 млн. нафар аз бемории саратон ҳалок мешаванд

Ҳар кадоме аз панҷумин мард ва ҳар нафаре аз шашум зан дар ягон марҳилаи зиндагиашон ба бемории саратон гирифтор мешаванд. Дар ин бора бо назардошти нишондиҳандаҳои соли 2018 аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумот медиҳанд, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ. Муаллифони гузориш – мутахассисони Агентии байнулмилалии омӯзиши саратон маълумоти оморӣ аз 185 кишвари саросари дунё ва […]

Ҳар кадоме аз панҷумин мард ва ҳар нафаре аз шашум зан дар ягон марҳилаи зиндагиашон ба бемории саратон гирифтор мешаванд. Дар ин бора бо назардошти нишондиҳандаҳои соли 2018 аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумот медиҳанд, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.

Муаллифони гузориш – мутахассисони Агентии байнулмилалии омӯзиши саратон маълумоти оморӣ аз 185 кишвари саросари дунё ва 36 шакли гирифторӣ ба бемории саратонро ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, имсол табибон беш аз 18 млн. ҳолати нави бемории саратонро ташхис намуда, наздики 9,6 млн. нафар аз ин беморӣ ҳалок мешаванд.

Маълумоти омории хушбинкунанда низ вуҷуд дорад: шумори одамоне, ки баъди ташхиси аввалия беш аз панҷ соли дигар ҳаёт ба сар бурдаанд, ба 43,8 млн. нафар расидааст, яъне тиб дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардидааст. Афзоиши шумори беморон асосан ба пиршавии аҳолӣ вобаста аст, зеро имкони гирифторӣ ба ин беморӣ бо болоравии синнусол зиёдтар мешавад.

Қариб нисфи ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон ба кишварҳои Осиё рост меояд ва бештар ба он марбут аст, ки дар ин қора 60 фоиз аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳанда барои сокинони Аврупо 23,4 фоизро ташкил медиҳад, ҳарчанд шумори аҳолии он ба 9 фоиз аз аҳолии саросари дунё баробар аст.

Дар маҷмӯъ нисбат ба давлатҳои дар ҳоли рушд қарордошта, сатҳи бемории саратон дар кишварҳои рушдёфта чандин маротиба зиёдтар аст. Лекин сокинони кишварҳои рушдашон нисбатан камтар, масалан кишварҳои Осиё ва Африқо барои зинда мондан имкони камтар доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.