Дастрасии бевосита ва озоди ширкатҳои интернетрасони Ӯзбекистон ба шабакаҳои байнулмилалӣ

Бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетии ин кишвар то 1 январи соли 2020 ба шабакаҳои байналмилалии мухобиротӣ дастрасии бевосита ва озод пайдо хоҳанд кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин фармони Мирзиёев санаи 22 сентябр нашр шуда, яке аз бандҳои "Харитаи роҳ"-и иҷрои Стратегияи рушди инноватсионии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021" […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетии ин кишвар то 1 январи соли 2020 ба шабакаҳои байналмилалии мухобиротӣ дастрасии бевосита ва озод пайдо хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин фармони Мирзиёев санаи 22 сентябр нашр шуда, яке аз бандҳои "Харитаи роҳ"-и иҷрои Стратегияи рушди инноватсионии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021" мебошад.

Гуфта мешавад, ширкатҳои интернетрасони Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир, интернетро аз "Ӯзбектелеком" мегиранд, ки дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳоро маҳдуд ва як қатор сензураҳо ҷорӣ мекунад.

Ҳамчунин дар пайи иҷрои фармони мазкур коҳиши арзиши интернет низ барои истифодабарандагон дар назар аст.

Дар санад зикр шудааст, ки Ӯзбекистон тасмим дорад, то соли 2021 ҳаҷми хидматрасонии содиротии худро дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ то ба 4%-и ҳаҷми умумӣ бирасонад".

Ӯзбекистон ба тарҳи Digital CASA, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад, шарик шуданист. Дар чаҳорчуби он Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон мехоҳанд, зербинои минтақаии доррои нахи оптикӣ бунёд намоянд.

Инҳисори ошкоро ё ниҳон ба бозори хадамоти мухобиротӣ, назорат ва сонсури интернетро СММ яке аз монеаҳои рушди телекоммуникатсия дар ин кишварҳо унвон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.