Ба роҳандозии истеҳсоли автомобилҳо дар Тоҷикистон 20 млн. доллар харҷ мешавад

Байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, он ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шуд. Дар Созишнома сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи хизматгузории техникӣ ба маҳсулоти истеҳсолшуда пешбинӣ гардида, лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия […]

Байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, он ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шуд.

Дар Созишнома сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи хизматгузории техникӣ ба маҳсулоти истеҳсолшуда пешбинӣ гардида, лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва «Сити Сервис Лтд» амалӣ мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ баҳри бунёди ин корхонаҳо 20 млн. долларро ташкил дода, маблағгузорӣ баробар – 10 млн. долларӣ аз ҷониби ширкатҳо сурат мегирад.

Сохтмони корхонаҳо давоми як сол пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани санади баимзорасида, яъне тасдиқи он аз ҷониби парлумон бояд ба итмом расад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи созишномаи баимзорасида корхонаи истеҳсоли автобусу нақлиёти боркаш ва ҳамчунин марказҳои хизматрасонии воситаҳои нақлиёти истеҳсолшуда сохта мешавад.

Иқтидори солонаи корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли 250-300 автоубусро ташкил медиҳад. Дар давраи аввал баъди ба истифода додани корхона дар он 240 нафар машғули кор хоҳанд шуд, ки мувофиқи созишнома, 80% (на камтар аз 200 нафарашон)-ро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил диҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".