Рӯзҳои офтобӣ дер намепоянд. Тоҷикистон боз сербориш мешавад

Дар ду рӯзи наздик обуҳавои софу бебориш пешгӯӣ мешавад, лекин аллакай аз 13 октябр боришот оғоз гардида, дар кӯҳҳо барф меборад. Дар Агентии обуҳавошиносӣ имсол барвақт омадани сардиҳо ва якбора 10-15 дараҷа поинравии ҳароратро ба сиклони хунук нисбат медиҳанд, ки аз Урал ба Тоҷикистон омадааст. Дар кӯҳҳо аллакай борон ба барф табдил ёфта, аз ҷумла […]

Дар ду рӯзи наздик обуҳавои софу бебориш пешгӯӣ мешавад, лекин аллакай аз 13 октябр боришот оғоз гардида, дар кӯҳҳо барф меборад.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ имсол барвақт омадани сардиҳо ва якбора 10-15 дараҷа поинравии ҳароратро ба сиклони хунук нисбат медиҳанд, ки аз Урал ба Тоҷикистон омадааст.

Дар кӯҳҳо аллакай борон ба барф табдил ёфта, аз ҷумла дар баландкӯҳҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва дар Помир барф борид.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 11-12 октябр дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои софу бебориш дар назар буда, ҳарорат боло меравад.

“Аммо чунин обуҳаво дер намепояд: аз 13 октябр дар ҷумҳурӣ боз боришот оғоз гардида, дар кӯҳҳо барф меборад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии обуҳавошиносиии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки кишоварзон пешакӣ аз боришот огоҳ карда шуда буданд.

“Боришот ба деҳқонон зараре нарасонида, баръакс чангу хоки растаниҳоро шуст ва акнун кору нафасгрии кишоварзон осонтар шуд. Боришоти рӯзҳои охир ба маъракаи ҷамъоварии ҳосил таъсири назаррасе нарасонид”, – гуфтанд дар Вазорат.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки боришот агар аз як тараф кори деҳқононро мушкил карда бошад, аз ҷониби дигар, ба сифати пахта таъсир расонида, метавонад ба паст шудани сифати он боис гардад.

Дар робита ба обуҳавои номусоид ва шикояти ронандагон аз душвор шудани ҳаракат тариқи роҳи Душанбе – Хуҷанд, котиби матбуотии ширкати IRS Далери Абдулло изҳор намуд, ки ширкат ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар мавсими сармо омода аст.

“Ҷиҳати саривақт тозакунии қитъаҳои роҳ 10 ҳазор метри мукааб реагентҳои махсус ва беш аз 250 ҳазор тонна сӯзишворӣ захира шуда, техникаи махсуси тозакунии роҳ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дорад”, – гуфт ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".