Қаллобии мансабдорони Хатлон дар тақсими қитъаҳои замин

Ба гумони даст доштан дар қаллобиву тамаъҷӯӣ зимни тақсиму ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин ба шаҳрвандон муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс ва ду мансабдори давлатии ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс Маҳмадсоли Баротов ба бовари сокинони ноҳия Фозилбек ва Ғолибшо Сангаковҳо даромада, аз онҳо барои ҳуҷҷатгузориии хонаву сертификати […]

Ба гумони даст доштан дар қаллобиву тамаъҷӯӣ зимни тақсиму ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин ба шаҳрвандон муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс ва ду мансабдори давлатии ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс Маҳмадсоли Баротов ба бовари сокинони ноҳия Фозилбек ва Ғолибшо Сангаковҳо даромада, аз онҳо барои ҳуҷҷатгузориии хонаву сертификати замин 6,2 ҳазор сомонӣ маблағ мегирад, лекин то ҳол ягон ҳуҷҷате ба онҳо надодааст.

Ҳамчунин ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи замин сармеъмори ноҳияи Носири Хусрав Суҳроб Убайдуллозода ва сардори шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳамин ноҳия Шарифхон Мадалиев низ боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, сармеъмор бо ваъдаи ҷудо кардани 0,6 га қитъаи замин ба шаҳрванд “А” – 2 ҳазор сомонӣ гирифтаву боз 8 ҳазор сомонии дигар талаб мекунад ва сардори Агентӣ бошад, барои ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ 2 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвнадаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".