Боздошти 17 хонандаи мактаб зимни рейд дар бозори Душанбе

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо мақсади пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон ва даст назадани онҳо ба амалу кирдорҳои номатлуб рейдҳо доир мекунанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони ин хадамот дар дар бозори кӯҳнафурӯшии ноҳияи Фирдавсӣ, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ва дигар ашёҳо ба фурӯш бароварда мешавад, […]

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо мақсади пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон ва даст назадани онҳо ба амалу кирдорҳои номатлуб рейдҳо доир мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони ин хадамот дар дар бозори кӯҳнафурӯшии ноҳияи Фирдавсӣ, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ва дигар ашёҳо ба фурӯш бароварда мешавад, санҷиши мақсаднок доир намуданд.

Гуфта мешавад, натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки шумораи зиёди ноболиғон, хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар бозори мазкур ба оворагардӣ ва хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул мебошанд.

Кормандони Хадамот 17 нафар ноболиғонро, ки ба чунин кирдор машғул буданд ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД дастрас намуданд. Волидайни ноболиғони боздоштшуда даъват гардида, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин нисбати падару модари ноболиғон барои вайрон намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси моддаи 90 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".