Оғози фаъолияти роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд. Гуфта мешавад, аз […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

“Мусоҳибон доир ба роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд”, – омадааст дар хабари Вазорат..

Ҳамчунин қайд мешавад, ки зимни сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки Мэрилин Йосефсон то таъин шудан ба ин мансаб дар Намояндагии доимии Шветсия дар Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел фаъолият мекард. Солҳои гуногун ӯ дар мансабҳои сохтори давлатии Шветсия, созмони байнулмилалии “Табибони бидуни марз”, Вазорати корҳои хориҷии Шветсия, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо кор кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".