Шералӣ Мирзо барои вохӯрӣ бо ҳамтоҳои худ ба Тошканд меравад

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзи 12 октябр дар Тошканд бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вомехӯрад. Дар пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, дар Тошканд Шералӣ […]

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзи 12 октябр дар Тошканд бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вомехӯрад.

Дар пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, дар Тошканд Шералӣ Мирзо як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Дар ҷаласаи Тошканд, баррасии 20 масъала, аз ҷумла вазъ дар Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки муқовимат бо терроризми байнулмилаӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод, баргузории чорабиниҳои муштарак ба муносибати 75-солагии галаба дар ҶБВ ва ғайра дар назар буда, ҳамчунин дар доираи фаъолияти умумии Шӯро як қатор санадҳо қабул ва имзо мешаванд.

Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".