Ҷаримаи сокини Ҳисор барои мубодилаи ғайриқонунии асъор

Сокини шаҳри Ҳисор Дилшод Шароповро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мубодилаи ғайриқонунии беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ба пули миллӣ – сомонӣ дастгир карданд. Суди шаҳри Ҳисор ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 286 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо роҳи харид фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Ҳисор Дилшод Шароповро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мубодилаи ғайриқонунии беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ба пули миллӣ – сомонӣ дастгир карданд.

Суди шаҳри Ҳисор ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 286 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо роҳи харид фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаи пардохт) гунаҳкор эътироф намуда, ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда ба моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моҳи марти соли 2016, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии такрорӣ бо асъори хориҷӣ, дар ҳаҷми аз 8 ҳазор то 14 600 сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол чазо пешбинӣ шудааст.

Барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми ҷарима аз 29 ҳазору 200 сомонӣ то 43 ҳазору 800 сомонӣ ё ҷазо дар шакли аз 4 то 6 соли маҳрумият аз озодиро ташкил медиҳад.

Агар чунин қонуншиканӣ такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ ва ҳамчунин бо маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ содир шавад, пас ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 51 ҳазору 80 сомонӣ то 65 ҳазору 680 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.