Меҳмондории ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон барои сарвазири Шӯрои давлатии Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ли Кетсян ва ҳамсараш бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ли Кетсян ва ҳамсараш бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос шуданд.

Дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СХШ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро низ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Қобили зикр аст, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ  Сарвазирони Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф оварданд.

Имрӯз роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио