Боздиди беш аз 1,1 млн. тоҷикистониён аз Ӯзбекистон тӯли 9 моҳ

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 млн. 165 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намудаанд. Дар ҳамин давра 1 млн. 253 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, давоми моҳҳои […]

Аваз Юлдошев

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 млн. 165 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намудаанд. Дар ҳамин давра 1 млн. 253 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон шумори шаҳрвандони хориҷие, ки аз ин кишвар боздид кардаанд, 4666,5 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёдтар аст.

Аз шумори умумии сайёҳони ба Ӯзбекистон сафаркарда 40,2% – ба Қазоқистон, 24,8% – ба Тоҷикистон, 16,7% – ба Қирғизистон, 7,4% – ба Русия ва аз кишварҳои хориҷи дур 1,1% – ба Туркия, 0,6% – ба Чин, 0,5% – ба Кореяи Ҷанубӣ, 0,3%-ӣ ба Ҳиндустон, Олмон ва Япония рост меояд.

Тӯли 9 моҳ шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки қаламрави кишварро тарк кардаанд, 10812,0 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба зиёдтар мебошад.

Дар ин давра ӯзбекистониҳо ба Қазоқистон – 53,4%, Қирғизистон – 22,2%, Тоҷикистон – 11,6%, Русия – 8,2% ва аз кишварҳои хориҷи дур ба Туркия – 1,3%, Кореяи Ҷанубӣ – 0,6%, Амороти Муттаҳидаи Араб – 0,3%,Чин, Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон – 0,2%-ӣ сафар кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.