Таъсиси намояндагиҳои савдо назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон

Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора 31 октябри ҳамин сол қабул шудааст. Муқаррарот дар бораи намояндагиҳои савдои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо қарор тасдиқ шудааст. Аз ҷумла дар Русия, Чин, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон назди муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон басти воҳидҳои корӣ (штатҳо)-и иловагӣ таъсис дода мешаванд. Ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки маблагғузориро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора 31 октябри ҳамин сол қабул шудааст. Муқаррарот дар бораи намояндагиҳои савдои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо қарор тасдиқ шудааст.

Аз ҷумла дар Русия, Чин, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон назди муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон басти воҳидҳои корӣ (штатҳо)-и иловагӣ таъсис дода мешаванд.

Ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки маблагғузориро барои басти воҳидҳои кории иловагӣ дар намояндагиҳои савдо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.

Ба дипломатҳо баробар шудаанд

Дар санади тасдиқшуда зикр мегардад, ки намояндаи савдо қисмати таркибии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишвари ҳузур буда, таҳти раҳбарии бевоситаи сафири Тоҷикистон дар кишвари хориҷӣ амал мекунад.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи савдои Тоҷикистон бо муқаррарот дар бораи сафоратхонаҳои Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Намояндаи савдо бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президент аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таъин ва аз кор озод карда мешавад.

Киҳо дар ин мансаб кор карда метавонанд?

Ба вазифаи намояндаи савдо кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент (воҳидҳои сохторӣ), Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатӣ ва Агентӣ оид ба содироти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда метавонанд.

Номзад бояд шаҳрванди Тоҷикистон, маълумоти олӣ, омодагии дахлдори касбӣ, таҷрибаи кофӣ (на камтар аз 5 сол) дар бахши савдо, кордон, донандаи забонҳои хориҷӣ (забони кишвари будубош) буда, аз технологияҳои муосир истифода карда тавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.