Роҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳон ба гуноҳаш иқрор, вале пушаймонӣ изҳор накард

Айбдоркунандаи давлатӣ аз судяи Суди олӣ дархост намуд, ки Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ҳусейн Абдусамадов роҳбари гурӯҳест, ки тобистони имсол дар Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда буд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дод, дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи чор сайёҳи велосипедрони хориҷӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ аз судяи Суди олӣ дархост намуд, ки Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ҳусейн Абдусамадов роҳбари гурӯҳест, ки тобистони имсол дар Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дод, дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи чор сайёҳи велосипедрони хориҷӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз суд дархост намуд, ки роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум карда шавад.

Нисбати Ҳусейн Абдусамадов мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус, терроризм, ифротгароӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барқасдона нобуд кардани амвол, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Абдусамадов ба гуноҳаш иқрор шуда, вале пушаймонӣ изҳор накардааст. “Дар сухани охирини худ Абдусамадов изҳор намуд, ки аз кирдори содиркардааш пушаймон нест”, – гуфт манбаъ.

Содир гардидани ҳукм нисбати ҳамаи иштирокҷиёни парванда оид ба куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ рӯзи 21 ноябр дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.