Зинаи сеюми Тоҷикистон байни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи афзоиши нархҳо

Мувофиқи таҳлили маълумоти мақомоти омор, ки аз ҷониби БелаПАН гузаронида шудааст, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон нархҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5% боло рафтаанд. Аз рӯи афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2018 Ӯзбекистон (9,5%) пешсаф буда, Украина зинаи дуюм (7,4%) ва Тоҷикистон мақоми сеюм (4,5%)-ро […]

Аваз Юлдошев

Мувофиқи таҳлили маълумоти мақомоти омор, ки аз ҷониби БелаПАН гузаронида шудааст, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон нархҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5% боло рафтаанд.

Аз рӯи афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2018 Ӯзбекистон (9,5%) пешсаф буда, Украина зинаи дуюм (7,4%) ва Тоҷикистон мақоми сеюм (4,5%)-ро ишғол кардааст.

Дар идома кишварҳои Беларус (4,2%), Эстония (4,1%), Қазоқистон (3,7%), Латвия (3,1%), Русия (2,9%), Литва (2,7%), Гурҷистон (0,4%) ва Озарбойҷон (0,2%) қарор доранд.

Дар Молдова нархҳо тағйир наёфта, дар Арманистон ба андозаи 0,7% ва Қирғизистон – 0,9% поин рафтаанд. Доир ба Туркманистон танҳо дар нимсолаи аввал (афзоиши нарх (8,9%) маълумот дода шудааст.

Қайд мешавад, ки нишондиҳандаҳо оид ба Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Эстония бар асоси маълумоти моҳона тартиб дода шудааст.

Моҳи октябр нархҳо дар Беларусу Эстония ба андозаи – 0,5%-ӣ, Украина – 1,7%, Ӯзбекистон – 1,3%, Латвия ва Тоҷикистон – 0,7%-ӣ, Литва – 0,6%, Қазоқистону Молдова ва Русия – 0,5%-ӣ, Гурҷистону Қирғизистон – 0,3%-ӣ, Озарбойҷон – 0,2% ва Арманистон – 0,1% боло рафтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.