Боздошти гумонбарон ба ғорати манзили Эшони Муҳриддин дар Хатлон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ҷиноят аз рӯи далели ғорати манзили рӯҳонии маҳаллиро дар ноҳияи Вахш ошкор намуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ноҳияи Вахш хабар дод, шоми имрӯз се нафар гумонбарон ба ғоратгарӣ боздошт шудаанд. Инҳо сокини деҳаи Оқгазӣ, пештар судшуда Юсуф Сафарови 34-сола, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анвар Абирови […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ҷиноят аз рӯи далели ғорати манзили рӯҳонии маҳаллиро дар ноҳияи Вахш ошкор намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ноҳияи Вахш хабар дод, шоми имрӯз се нафар гумонбарон ба ғоратгарӣ боздошт шудаанд.

Инҳо сокини деҳаи Оқгазӣ, пештар судшуда Юсуф Сафарови 34-сола, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анвар Абирови 30-сола ва ҳамдеҳаи ӯ Темир Қурбонбоеви 28-сола мебошанд. Боз як сокини ҳамин ноҳия Наврӯз Зулфиқоров мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Зимни боздошт аз гумонбарон сейф бо 6,3 ҳазхор доллар ва 40 ҳазор сомонӣ дарёфт шудааст. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон соати 1-и шаби 19 ноябр ба манзили сокини деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Вахш, нафақахӯр Муҳриддин Файзиддинов ворид шуда, бо таҳдиди корд сейфи дорои беш аз 6 ҳазор доллар ва 40 ҳазор сомониро бо худ бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дуздон хонаи як рӯҳонии саршиноси маҳаллӣ – эшони Муҳриддинро дуздӣ кардаанд. Ин рӯҳонӣ сокини деҳаи Янги ҳаёти ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш буда, солҳои зиёд дар қозиёти вилояти Хатлон ҳамроҳи писараш дарси исломӣ медодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.