Дар пайи қазияи куштори Хошуқҷӣ валиаҳд Муҳаммад бин Салмон метавонад аз тахт маҳрум шавад

Се манбаи наздик ба дарбори Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ба дунболи интиқодҳои байналмилалӣ аз куштори Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунаққиди ҳукумати он кишвар, шуморе аз аъзои хонадони салтанатӣ талош доранд, то монеи подшоҳии валиаҳд Муҳаммад бин Салмон шаванд. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Рейтерз" иттилоъ медиҳад. Ин манобеъ изҳор доштаанд, ки даҳҳо […]

Наим Халимов

Се манбаи наздик ба дарбори Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ба дунболи интиқодҳои байналмилалӣ аз куштори Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунаққиди ҳукумати он кишвар, шуморе аз аъзои хонадони салтанатӣ талош доранд, то монеи подшоҳии валиаҳд Муҳаммад бин Салмон шаванд. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Рейтерз" иттилоъ медиҳад.

Ин манобеъ изҳор доштаанд, ки даҳҳо тан аз аъзои бонуфузи хонадони салтанатии Оли Сауд дар пайи тағйир ва ҷонишинии Малик Салмони 82-сола ҳастанд. Аммо то вақте, ки ӯ дар қайди ҳаёт аст, даст ба ин кор нахоҳанд зад. Онҳо гуфтаанд, ки гумон намекунанд, Малик Салмон писари маҳбуби худ Муҳаммад бин Салмонро аз мақом барканор кунад.

Ба гуфтаи яке аз манобеъ, аъзои хонаводаи салтанатӣ ҷойнишинии эҳтимолии Аҳмад бин Абдулазиз, бародари хурдии Малик Салмон ва амаки Муҳаммад бин Салмонро баррасӣ доранд. Аҳмад бин Абдулазиз танҳо бародари Малик Салмон аст, ки аз ҳимояти аъзои хонадони салтанатӣ, нерӯҳои амниятӣ ва кишварҳои ғарбӣ бархӯрдор аст.

Пештар нашрияи "Вашингтон пост" бо истинод ба як манбаи худ гуфт, Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA ба хулосае расидааст, ки дастури қатли Хошуқҷиро Муҳаммад бин Салмон содир кардааст. Масъулони CIA пас аз омӯзиши манобеъ, аз ҷумла суҳбати телефонии сафири Арабистони Саудӣ дар ИМА ва бародари валиаҳд Холид бин Салмон бо Хошуқҷӣ ба ин хулоса омадаанд.

Вазири дифои Туркия Ҳулусӣ Акар гуфт, кормандони консулгарии Арабистони Саудӣ эҳтимол дорад, ҷасади рӯзноманигорро пора-пора карда, дар ҷомадонҳо бо истифода аз "мақоми дипломатии худ" ба берун бурда бошанд.

Рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ солҳои ахир аз сиёсати Арабистони Саудӣ сахт интиқод мекард. Ӯ ибтидои моҳи октябр, пас аз ворид шудан ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул бедарак шуд. Риёз чанд ҳафта баъд эътироф кард, ки рӯзноманигорро куштанд.

Додситони Арабистони Саудӣ 15 ноябр эълом кард, ки дар робита ба куштори рӯзноманигор зидди 11 кас айб эълом шуда, барои 5 тани онҳо ҳабси якумрӣ талаб хоҳад кард. Худи он рӯз ИМА ба далели куштори Хошуқҷӣ зидди 17 шаҳрванди Арабистони Саудӣ таҳрим ҷорӣ кард. Дар миёни таҳримшудаҳо консули генералии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, полковники иктишофии Риёз ва мушовири пешини валиаҳд Муҳаммад бин Салмон низ ҳастанд. Риёз даст доштани раҳбарияти кишвар дар ин кушторро рад мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.