Боздошти сардори ШБДА шаҳри Истиқлол ҳангоми порагирӣ

Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, сардори ШБДА-и мақомоти милитсияи маҳаллӣ Фирдавс Ғаффоров аз сокини маҳаллӣ, ронандаи дучарха (мотосикл) 2 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунад. Ба ивази он ба ронанда ваъда […]

Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, сардори ШБДА-и мақомоти милитсияи маҳаллӣ Фирдавс Ғаффоров аз сокини маҳаллӣ, ронандаи дучарха (мотосикл) 2 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунад. Ба ивази он ба ронанда ваъда медиҳад, ки ӯро минбаъд аз ҷавобгарии маъмурӣ озод мекунад.

Гуфта мешавад, то замони боздошт корманди БДА аз ронандаи дучарха ба сифати пора 1 ҳазор сомонӣ маблағ мегирад. Ҳангоми гирифтани маблағи боқимондаи 1 ҳазор сомонӣ ӯ бо далели шайъӣ боздошт мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ғаффоров мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора) КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.