Хонаатонро мекӯчонанд? Бифаҳмед, ки чӣ ҳуқуқҳо доред?

Аксарияти муносибатҳои ҳуқуқӣ байни ширкатҳои бинокор ва соҳибони хонаҳое, ки кӯчонида мешаванд, ҳамчунин иштирокчиёни дорои ҳисса ба сохтмон мувофиқи қонун танзим намешаванд (ҳоло дар қонунгузорӣ ҷой надорад) ва зимни муайян кардани шартҳои шартнома, ширкатҳо ин ҳолатро бисёр вақт ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, зимни гирифтани ҳиссаҳо дар сохтмон ва/ё ҳангоми бо қарори кӯчонидан ва […]

Asia-Plus

Аксарияти муносибатҳои ҳуқуқӣ байни ширкатҳои бинокор ва соҳибони хонаҳое, ки кӯчонида мешаванд, ҳамчунин иштирокчиёни дорои ҳисса ба сохтмон мувофиқи қонун танзим намешаванд (ҳоло дар қонунгузорӣ ҷой надорад) ва зимни муайян кардани шартҳои шартнома, ширкатҳо ин ҳолатро бисёр вақт ба манфиати худ истифода мекунанд.

Масалан, зимни гирифтани ҳиссаҳо дар сохтмон ва/ё ҳангоми бо қарори кӯчонидан ва сохтмони бинои нав омадани ширкатҳо, соҳибманзилҳо ва ҳиссагузорон дар бораи ширкати бинокор ҳеч маълумоте надоранд.

Ба ҳар ҳол, баъзе паҳлӯҳои ин масъалаи муҳим мутобиқи қонун танзим мешаванд. Инак:

Оё ман ба манзил ҳуқуқ дорам?

Мувофиқи моддаи 118 Кодекси манзили ҶТ, дар сурати кӯчонидани манзилҳои ба моликияти шаҳрвандон таалуқдошта бо гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ба ин шаҳрвандон дар хонаҳои фонди манзили давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо ба моликияти онҳо табдил додан хона дода мешавад.

Дар ин ҳолат агар арзиши манзили пешниҳодмешуда аз арзиши хонаи кӯчонидамешуда баланд бошад, фарқи нархи он аз соҳибхона рӯёнида намешавад. Ба дигар шаҳрвандони муқими доимӣ дар ин хонаҳо, ки аъзои ҳайати оилаи соҳибхона нестанд, бо шартҳои шартномаи кироя ва ё ичораи манзил хонаҳо дода мешаванд. Хонаҳои пешниҳодмешуда бояд ободу бароҳат ва ба талаботи санитарӣ ва техникӣ ҷавобгӯ бошанд.

Дар сурати арзиши баланд доштани хонаи кӯчонида мешуда аз хонае, ки пешниҳод мешавад, ба соҳибхона ҷубронпулиии дахлдор пардохт мешавад. Ҳаҷм ва тартиби муайян кардан ва ҷуброни арзиши хонаҳо, бино ва дигар сохтмон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, соҳиби хонаи кӯчонидамешуда ба харидории масолеҳ аз кӯчонидани хонаҳо, бино ва дигар сохтмонҳо бо нархи аввалияи масолеҳ бо назардошти фарсудашавӣ ҳуқуқи афзалиятнок дорад.

Бо хоҳиши моликон ба ҷойи хонаву биноҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки кӯчонида мешавад, дар ҷойи нав ҳамин гуна иншоот сохта шуда метавонд. Дар ин ҳолат, арзиши ин иншоот ҷуброн намешавад.

Шартҳо ва тартиби ба ҷойи дигар кӯчонидан ва сохтмони хонаҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои иҷораи манзили муваққатӣ ширкати бинокор бояд ба ман чӣ қадар маблағ ҷудо кунад?

Масъалаҳои ҳаҷми ҷубронпулии моҳона дар вақти то анҷоми сохтмон, ки моликон хонаи дигарро иҷора мегиранд, аз ҷониби қонун танзим намешавад.

Лекин ҳаҷми ҷубронпулӣ бояд ба иҷораи манзили ба он баробар (бо назардошти макони ҷойгиршавӣ, метри мураббаъ, шумори ҳуҷраҳо ва ғ.) кифоя бошад.

Арзиши хонаи кӯчонидамешуда чӣ гуна муайян карда мешавад?

Ин бо қонун муайян карда нашудааст, аммо зимни ба вуҷуд омадани баҳсҳо, метавон ба баҳогузорони мустақил муроҷиат намуд.

Агар кӯчонидан неву таъмири бино бошад чӣ?

Дар моддаи 119 Кодекси манзили ҶТ гуфта мешавад, агар ҳангоми таъмири асосӣ (азнавсозӣ)-и бино манзили мутаалиқ ба моликияти шаҳрвандон нигаҳдорӣ шуда натавонад, ба шаҳрвнадони дар ин манзил иқоматдошта мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда тибқи қисмхои якум ва дуюми моддаи 118-и Кодекси мазкур манзилҳо дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.