Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд автомашина бо газ ба ҷарии 100-метра сарозер рафт

Дар километри 123-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаш бо газ рӯзи 10 январ ба ҷарии 100-метра сарозер рафта, дар натиҷа ронанда ҳалок шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, ба наҷотдиҳандагон, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар километри 123-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаш бо газ рӯзи 10 январ ба ҷарии 100-метра сарозер рафта, дар натиҷа ронанда ҳалок шуд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба наҷотдиҳандагон, ки каме дуртар аз ҷойи ҳодиса посгоҳи доимо амалкунандаи назоратӣ доранд, муяссар шудааст, ки таркиши автомашинаро пешгирӣ намоянд. Ин автомашина аз Суғд ба Душанбе гази моеъ мебурд.

Ронандаи воситаи нақлиёт, сокини ноҳияи Муъминобод Муҳиддин Шарипов ҳалок шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, сари чанбараки мошин хоби ӯ бурдааст.

“Бо вуҷуди боришоти барфу борон дар саросари кишвар, субҳи имрӯз тамоми роҳҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати нақлиёт боз аст”, – илова намуд Юсуфӣ.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.