Гузариши корхонаҳои Тоҷикистон ба низоми нави менеҷменти сифат

Корхонаҳои Тоҷикистонро ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат, ки ба меъёрҳои байнулмилаӣ ҷавобгӯ аст, уҳдадор мекунанд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҷаласаи чамъбасти солонаи Агентии”Тоҷикстандарт” муовин сарвази ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба ин ниҳод дастур дод, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалии таҳиякунандаи стандартҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, барои мутобиқгардонии моли истеҳсоли ватанӣ […]

АМИТ “Ховар”

Корхонаҳои Тоҷикистонро ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат, ки ба меъёрҳои байнулмилаӣ ҷавобгӯ аст, уҳдадор мекунанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҷаласаи чамъбасти солонаи Агентии”Тоҷикстандарт” муовин сарвази ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба ин ниҳод дастур дод, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалии таҳиякунандаи стандартҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, барои мутобиқгардонии моли истеҳсоли ватанӣ ба стандартҳои байналмилалӣ корҳои воқеан амаливу тахассусона анҷом диҳад.

Азим Иброҳим қайд кард, ки ниҳодҳои соҳавӣ дар баробари молистеҳсолкунандагон масъул мебошанд, ки барои мутобиқ гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин муовини марвазир мусоидат намудан ба рушди содиротро тавассути ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат дар корхонаҳои ватанӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз афзалиятҳои аввалиндараҷа барои муаррифии кишварамон дар хориҷи кишвар баҳогузорӣ намуда, барои ислоҳ намудани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

“Бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар хориҷи кишвар истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазирро тавассути ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва бехатарӣ аз рўи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои ватанӣ таъмин намоем”, – иброз дошт Азим Иброҳим.

Таъкид шуд, ки мутобиқгардонӣ ба стандартҳои Комиссияи иқтисодии аврупоии  СММ (ЕЭК ООН) ва дигар стандартҳои давлатҳои тараққикарда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ватаниро ба бозорҳои ҷаҳонӣ бе монеа содирот намояд.

“Паҳлӯи дигари хеле муҳим – омода намудани мутахассисони касбӣ дар мақомот, тақвият додани ҳамкорӣ бо содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ барои беҳтар шудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар корхонаҳо мебошад, – зикр илова кард муовини сарвазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.