Модаре, ки ба тани кӯдаки худ сӯзан зада буд, 8 сол зиндонӣ шуд

Муҳайё Ёқубоваи 27 – сола барои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ба 8 – соли зиндон маҳкум гардид. Ҳукмро имрӯз, 26 феврал, Суди ноҳияи Рӯдакӣ содир намуд. Муҳайё Ёқубова – сокини ҷамоати деҳоти Сарикишти ноҳияи Рӯдакӣ ба тани кӯдаки хурдсоли худ 10 сӯзан задааст, ки дар натиҷа кӯдак зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст, иттилоъ доданд […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Муҳайё Ёқубоваи 27 – сола барои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ба 8 – соли зиндон маҳкум гардид. Ҳукмро имрӯз, 26 феврал, Суди ноҳияи Рӯдакӣ содир намуд.

Муҳайё Ёқубова – сокини ҷамоати деҳоти Сарикишти ноҳияи Рӯдакӣ ба тани кӯдаки хурдсоли худ 10 сӯзан задааст, ки дар натиҷа кӯдак зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст, иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Рӯдакӣ. Аммо сабабӣ ба ин кор даст задани модарро ошкор накарданд.

“Зан бо моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд. Ӯ дар озодӣ қарор дорад ва то лаҳзае, ки ҳукм эътибори қонунӣ пайдо накунад, яъне муддати 10 рӯз ӯ метавонад аз болои ҳукм шикоят намояд”,-хабар доданд аз суд.

Дар ҳамин ҳол худи Муҳайё Ёқубова айби эълоншударо эътироф накарда, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба тани кӯдак сӯзан назадааст, зеро ҳеҷ модар наметавонад ин корро кунад.

Ин зан моҳи июли соли 2018 бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдаки худ боздошт гардид. Дар оғоз ӯ гуфт, ки ба хотири аз Русия баргардонидани шавҳараш ин корро кардааст, аммо баъдан аз гуфтаи худ даст кашида, иброз дошт, ки зери таҳдиди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чунин гуфтааст.

Охири моҳи июн наздикони Мудассири 9-моҳа дар бадани кӯдак сӯзанҳоро дида, ба табибон муроҷиат карданд. Кӯдакро дар Маркази миллии тиббӣ ташхис карда, табибон ба кормандони ВКД дар бораи ин ҳодиса хабар додаанд.

Ташхис мушаххас намуд, ки сӯзан дар сар, бинӣ, гардан ва қафаси синаи кӯдак қарор дорад. Дар ҷараёни ҷарроҳии аввал табибон тавонистанд ҳамагӣ 6 сӯзанро берун кунанд. Он замон пайвандони кӯдак гуфта буданд, ки чӣ гуна ба тани Мудассир роҳ ёфтани сӯзанҳоро намедонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.