Аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24” хоҳиш доранд, ки ин созмонро аз рӯйхати ташкилотҳои экстремистӣ берун кунанд

Аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24”, ки ба ватан баргаштанд, ба Суди олӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо хоҳиши аз рӯйхати созмонҳои экстремистӣ берун кардани ин созмон, муроҷиат карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ин гуруҳ дигар ба амнияти Тоҷикистон таҳдид намекунад. “Мо дастҷамъона аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳиш мекунем, ки бинобар […]

Asia-Plus

Аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24”, ки ба ватан баргаштанд, ба Суди олӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо хоҳиши аз рӯйхати созмонҳои экстремистӣ берун кардани ин созмон, муроҷиат карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ин гуруҳ дигар ба амнияти Тоҷикистон таҳдид намекунад.

“Мо дастҷамъона аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳиш мекунем, ки бинобар сабаби аз байн рафтани хатари “Гуруҳи-24” ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, он аз руйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ихтисор карда шавад”,- омадааст дар изҳороте, ки аъзои собиқи “Гуруҳи 24” Меҳрубон Сатторов дар саҳифаи фейсбукии худ нашр намуд.

Зери ин изҳорот аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24” Меҳрубон Сатторов, Оятулло Гиляев, Файзуллоҷон Сафаров, Шарифҷон Султонов, Ғиёсиддин Ихсомов, Шокир Давлатов ва Маҳмадюсуф Шарипов имзо гузоштаанд.

Дар изҳорот зикр карда мешавад, ки ҳамаи нафарони зери изҳорот имзо гузошта, сафи “Гуруҳи 24”-ро тарк кардаанд ва ба Тоҷикистон баргашта, авф шудаанд.

“Ба иттилои ҳамагон, аз ҷумла аъзоёни “Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд мерасонем, ки мо як гуруҳ узви “Гурӯҳи 24” бо хоҳиши худамон сафи “Гуруҳи 24”- ро тарк карда ба ватан баргаштем ва пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда, айни хол дар фазои орому осоиштаи ватан умр ба сар бурда истодаем”,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин, зикр карда мешавад, ки он аъзоёни “Гуруҳи 24”, ки дар хориҷа қарор доранду ба ватан баргаштанӣ ҳастанд, метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд ва онҳо кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Шарофиддин Гадоев, роҳбари гуруҳи сиёсии мухолифи ҳукумат “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва собиқ роҳбари “Гуруҳи 24” ба Душанбе баргашт.

Дар чанд навори пахшнамудаи ВКД Шарофиддин Гадоев изҳор намуд, ки бо хоҳиши худ ба ватан баргаштааст.

Аммо созмонҳои байналмилалӣ иброз медоранд, ки ӯро аз Маскав дуздида ба Тоҷикистон бурдаанд.

Неруҳои мухолиф навори қабл аз сафар сабтшудаеро пахш карданд, ки дар он Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон барнамегардад ва ӯро метавонанд дар Русия рабоянд.

Ҳаракати экстремистии “Гуруҳи 24”, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, соли 2012 дар Маскав, аз ҷониби соҳибкори мухолиф Умаралӣ Қувватов таъсис дода шуд. Баъдан Қувватов тариқи радио ва наворҳои видеоӣ ба интиқоди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон пардохт.

Моҳи январи соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Пештар аз ин, моҳи октябри соли 2014 “Гуруҳи 24” аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.